ИНТИҲОИ МАШҒУЛИЯТИ ХАБАРУ ГУЗОРИШҲО ДАР МАТБУОТИ ДАВРӢ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” бо ҷалби омӯзгор (тренер) аз факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Муқимов Муҳамади Аминович (Ҷовид Муқим) машғулиятро дар мавзуи “Таҳия ва пешниҳоди хабару гузоришҳо дар матбуоти даврӣ” барои хабарнигорони маҷаллаҳо, рӯзномаву моҳномаҳои ҳизбӣ, соҳавӣ, нашрияҳои вазорату идораҳо ва донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар доир кард.
Машғулият давоми 5 рӯз (аз 20 то 24 октябр) дар толори китобхонаи Муассиса тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуда, аз мавзуҳои роҳҳои ҷамъоварии иттилоот, сарчашмаҳои иттилоот то интишори маводу гузоришҳо дар матбуотро гузашта таҳлилу баррасӣ намуданд.
Аз анкетаҳои пурнамудаи иштирокчиён маълум шуд, ки рафти машғулият ба ҳамаи онҳо писанд омада, маҳорати тренерро олӣ арзёбӣ намудаанд.
Дар фарҷом аз шумораи 17 нафар шунаванда 13 нафари фаъол соҳиби СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО шуданд.
Б. МИРЗОАМИНӢ