ИДОМАИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои кормандони шабакаҳои телевизион, радио ва нашрияҳои даврӣ, ки ба таҳияи маводҳои соҳаи саноат ва технологияҳои нав сару кор доранд машғулияти омӯзишӣ ташкил намудааст.

Ин навбат дарси амалии он дар корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис”, ки 31-уми октябри соли 2023 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, ҷараён гирифт.

Тренери машғулият Наҷмиддин Шоҳинбод дар якҷоягӣ бо муҳандиси соҳибтаҷриба, роҳбари ҶДММ “Арвис” Имомназар Имомов иштирокдоронро бо рафти фаъолияти корхонаи мазкур шинос намуда, қайд карданд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, воридотивазкунанда аст.

         ҶДММ “Арвис” бозори нассоҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта ба туфайли истеҳсоли маснуоти баландсифат ва бо истифода аз ҷорӣ намудани технологияи ҷадид, кордонии кормандон ва равиши муосир дар соҳаи менеҷмент  мавқеи намоёнро дар бозори ҷаҳонӣ кашф мекунад.

         Ёдовар мешавем, ки машғулияи мазкур то 30 апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

Мирзоаминӣ Бахтиёр

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.