ЖУРНАЛИСТИКАИ МУОСИР ВА ГУЗОРИШҲОИ ИТТИЛООТӢ
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” тренинг бо иштироки журналистони бахши ахбори шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар мавзуи “Журналистикаи муосир ва ташаккули технологияҳои нав дар гузоришҳои иттиилоотӣ” оғоз гардид.
Тренинг бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҷиҳати гузаронидани барномаи омӯзишӣ барои рӯзноманигорон, ки аз ҷониби Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи “France Media Monde” ба роҳ монда шудааст, 3 рӯз дар китобхонаи Академияи ВАО гузаронида мешавад.
Тренингро рӯзноманигор, наворбардор ва коргардони фаронсавӣ Елена Волошина гузаронида, усулҳои омода намудани гузоришҳои видеоӣ ва маводҳои чандрасонаиро бо технологияҳои нав ва ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯро меомӯзонад.
Қобили қайд аст, ки дар рӯзи аввали оғози тренинг сафири Фаронса Элза Пинйол, ёрдамчии сафири Фаронса дар ҶТ Шарипова Муҳиба, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Суҳроб Ализода, Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ ва директори ТВ “Синамо” Шодизода Муфарраҳ иштирок намуданд.
Академияи ВАО
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
