ДАР ИДОМАИ МАШҒУЛИЯТ ИШТИРОКЧИЁН БО ЛАБАРАТОРИЯИ ЭҶОДӢ ШИНОС ШУДАНД
Машғулияти соҳавии сайёҳӣ ва варзиш, ки аз таърихи 3 апрел оғоз шуда буд, идома дорад. Иштирокчиён дар баробари ширкат дар машғулият ва фарогирии ҷанбаҳои назариявӣ, инчунин бо фазои эҷодии барномаҳои телевизиони “Варзиш” ошно шуданд.
Алӣ Шариф шореҳ ва мутахассиси ботаҷрибаи соҳаи варзиш иштирокчиёни машғулиятро бо фазои эҷодии шабакаи телевизионии “Варзиш” ошно намуд. Дар ин боздид иштирокчиён бо студияҳои мухталифи сабти барномаҳои телевизиони мазкур шиносоӣ пайдо намуданд ва омӯзгор бо шарҳи вазифа ва ҳадафҳои ин студияҳо ҷараёни таҳияву сабти барномаҳои варзиширо бозгӯ намуд.




