ДАР АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА ИНТЕРНЕТ МАТБУОТ ҶОВИДОНА АСТ
Дар ҳамоиши илмӣ-амалии “Дирӯз ва имрӯзи матбуоти замони истиқлол”, ки дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” баргузор гардид, муҳимтарин дастовардҳо, мушкилот ва дигар масъалаҳои нашрияҳои давриии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҳамоиш Саъдӣ Маҳдӣ, директори муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон”, Обид Саидзода – директори радиои Тоҷикистон, Зинатуллоҳ Исмоилзода – раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Қурбоналӣ Раҳмонзода – сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Мурод Муродӣ – профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шариф Муллоев – профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Росия, Одил Нозир – муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, рӯзноманигорони фаъол ва донишҷӯён аз Донишгоҳи миллии Тоҷиикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон Росия ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори муассисаи давлатии Академияи ВАО –и Тоҷикистон” Саъдӣ Маҳдӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиш ба нақш ва ҷойгоҳи матбуот дар низоми ВАО – и Тоҷикистон ишора намуда, илова кард, ки дар муқоиса бо интернет ё худ фазои маҷозӣ матбуот умри ҷовидона дорад ва ҳеҷ гоҳ ҷояшро ба интернет намедиҳад.
Дар рафти ҳамоиши илмӣ иштирокчиён муҳимтарин дастовардҳои имрӯзи матбуоти тоҷикро шарҳ дода, баъзе мушкилоти онро баён намуданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки “Бухарои Шариф” заминагузори суннатҳои рӯзноманигории тоҷик аст ва он бедории фикрие, ки бо ташаббуси рӯзнома ба вуҷуд омад, солҳо дар матбуоти мо идома пайдо кард. Таъкид шуд, ки матбуоти тоҷик таърихи тӯлонии ташаккул ва таҳаввулро паймудааст ва имрӯз низ бо вуҷуди ҷой доштани баъзе мушкилот ва проблемаҳо фаъолияти босамар дорад. Дар ҳамоиш зикр гардид, ки матбуоти замони истиқлол аз назари шакл ва мазмун дигаргун шуд. Ба таъкиди ҳозирини ҳамоиш, дар ин аср матбуот бо таваҷҷуҳ ба ин ки воситаҳои электронии ахбор манбаи асосии дарёфти иттилоъ мебошанд, бояд танҳо ба бознашри иттилоъ иктифо накарда, иттилоъро моҳиятан баррасӣ ва ба хонанда пешниҳод кунад, то якрангӣ дар фаъолияти ВАО –и электронӣ ва коғазӣ ба вуҷуд наояд.
Дар идома заминаҳои пайдоиш ва марҳилаҳои ташаккули матбуоти замони Шуравӣ ва замони Истиқлол, сатҳи тахассуси кормандони ВАО баррасӣ шуда, зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ- амалӣ муҳаққиқони соҳаро ҳидоят месозад, то ба вазъи кунунии матбуоти тоҷик ва дигар воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба чанде аз рӯзноманигорони касбӣ барои фаъолияти пурсамар ва тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ дар воситаҳои ахбори омма “Сипоснома” –и “Академияи ВАО –и Тоҷикистон дода шуд.








