ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО БА 27 НАФАР ГУВОҲНОМА ДОДА ШУД
Дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 27 март то 09 апрели соли равон машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Асосҳои журналистика” доир гардид.
Қобили қайд, ки машғулияти мазкур дар таърихи Академия бори аввал аст, ки гузаронида мешавад ва гурӯҳи васеи иштирокчиёнро аз тобеияти Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам овард.
Машғулияти мазкур барои кормандони ғайриихтисос, ки дар шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ташкил шуда, 34 нафарро ба такмил ва ихтисоскунонӣ фаро гирифт.
Машғулиятро профессори факултаи журналистикаи ДМТ Мурод Муродӣ, директори ТҶ “Хома” Шаҳло Акобирова ва узви Академияи ТВР Авру-Осиё Абдумаҷид Ҳакимзода ба иштирокдорон дарс гуфтанд.
Аз шумораи иштирокчиёни машғулият маълум аст, ки гузаронидани чунин омӯзишҳо барои онҳо муҳим ва саривақтӣ буда барои беҳтарнамоии такмили касбияташон зарур мебошад.
Дар анҷоми машғулият аз шумораи болозикр ба 27 нафари онҳо, ки иштироки фаъол ва таҷрибаи кории чандинсола доштанд, ГУВОҲНОМА-и Академияи ВАО-и Тоҷикистон тақдим гардид.
Мирзоаминӣ Бахтиёр