ДАРСИ СУРАТГИРӢ
Суратгари зебои Чин, рав сурати ёрам бубин,
Ё сурате каш инчунин ё тарк кун суратгарӣ!
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дарси суратгириро барои хоҳишмандон оғоз намуд. Дарси суратгирӣ аз 17 –уми май то 22 –юми май идома хоҳад дошт. Хоҳишмандон метавонанд ҳама рӯза аз соати 9 то соати 17 ба дарсҳои суратгирӣ иштирок намуда, аз таҷрибаи устоди дарсдиҳанда Заур Дахте маълумоти бештар гиранд.
