ИНТИҲОИ ДАРСИ ЧАНДРАСОНАӢ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои масъулони сомонаҳои муассисаҳои зертобеи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сомонаҳои нашрияҳои даврӣ машғулияти омӯзиширо дар мавзуи “Мултимедиа дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ” баргузор кард.
Курси мазкур аз 23-юм то 30-юми июни соли равон дар толори китобхонаи Муассиса гузаронида шуд. Иштирокдорон мавзуҳои “Журналистикаи мултимедионӣ (чандрасонаӣ) чист”, “Жанрҳои журналистикаи чандрасонаӣ”, “Аксбардорӣ барои сомона”, “Слайд-шоу, инфографика”, “Таҳрири садо”, “Видео барои ВЕБ” ва “Зарурати чандрасонаӣ дар шароити муосир”-ро омӯхта, донишҳои соҳавии худро дар ин самт ғанӣ гардониданд.
Бояд қайд кард, ки машғулияти мазкурро профессори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муқимов Муҳамади Аминович (Ҷовид Муқим) гузарониданд.
Дар фарҷоми дарс ба 10 нафар масъулони сомонаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва нашрияҳои даврӣ СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО дода шуд.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
Академияи ВАО