ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ЖУРНАЛИСТОН

Имрӯз (30.12.2024) бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои намояндагони расонаҳои кишвар бо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

         Ҳамоишро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ оғоз бахшида, таъкид дошт, ки яке аз чорабиниҳои муҳимми соли 2025 ин интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони халқ мебошад. Дар робита ба ин ҳадафи ҳамоиши мазкур такмили сатҳи маърифати ҳуқуқии намояндагони ВАО оид ба масъалаҳои қонунгузории интихоботи кишвар ва тартиби раванди инъикоси интихобот мебошад. Дар идома узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ, котиби КМИР Самадзода Наврӯз, котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Шоинбодов Наҷмиддин ва коршиноси КМИР Аваз Назаров суханронӣ намуданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.