БА 24 НАФАР САРМУҲАРРИРОНИ НАШРИЯҲОИ МАҲАЛЛӢ СЕРТИФИКАТ ТАҚДИМ ШУД

Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” ба 24 нафар сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллӣ Сертификат дода шуд. Дар оғоз директори муассиса Исматзода С.М. оид ба иҷрои нақша ва роҳандозии машғулияти мазкур суханронӣ карда, афзуд, ки дар ҳама давру замон матбуот чойгоҳи махсуси худро дошт ва дорад. Мавсуф аз роҳбарияти Мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дастгирӣ ва фиристодани сардабирони нашрияҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард. Дар идома омӯзгори машғулият устоди Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, рӯзноманигори маъруф Бахтиёр Ҳамдамов, аз фаъолнокии шунавандагон ва таҷрибаи омӯзандагии қисме аз онҳо ёддовар шуда, аз роҳандозии ин машғулият аз раёсати Кумитаи телевизион ва радио, инчунин Академияи ВАО сипосу миннадорӣ баён намуд. Таъкид гардид, ки имрӯз нашрияҳои маҳаллӣ ба як қатор монеа ва мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд ва барои ҳалли он аз имкониятҳои нави журналистикаи мосир бояд истифода намоянд. Ҳамин тариқ, ба 24 нафар сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллӣ ва соҳавӣ Сертификати “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 24 феврал дар МД “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Нашрияҳои маҳаллӣ: имконият ва воқеият” бо иштироки сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллӣ ва соҳавӣ доир гардид. Машғулиятро Бахтиёр Ҳамдамов гузашт.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.