БА ШУНАВАНДАГОНИ МАШҒУЛИЯТИ “АКСБАРДОРӢ БО ИСТИФОДА АЗ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР” СЕРТИФИКАТ ДОДА ШУД
Тӯли 3 рӯз машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Аксбардорӣ бо истифода аз технологияи муосир” барои суратгирони нашрияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҷараён дошт, ки санаи 23-юми ноябри соли 2023 ҷамъбаст гардид.
Машғулиятро аксбардори касбӣ Собир Абдурозиқов бо истифода аз техникаҳои нави соҳа, дастгоҳҳои аксбардорӣ, презентатсияҳо, маводҳо аз таҷрибаи беҳтарин аксбардорони ҷаҳон дар шакли назариявию амалӣ гузаронид.
Дар рафти машғулият аз тарафи омӯзгор (тренер) беҳтарин аксҳо ва намунаҳо аз аккосони ҷаҳонӣ намоиш дода шуда, чӣ гуна бардоштани аксҳоро дар шароитҳои гуногун фаҳмонда доданд. Ҳамчунин нозукиҳои кори дастгоҳҳои суратгирии иштирокчиёнро дар алоҳидагӣ баррасӣ намуданд.
Дар охир ба 11 нафар шунавандагони машғулият сертификати МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” супорида шуд.

