БА КОТИБОНИ МАТБУОТӢ СЕРТИФИКАТ ДОДА ШУД
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 22 то 26 апрел барои кормандони марказҳои матбуотии вазорату идораҳои мақомоти маҳаллӣ, кумитаҳо ва хадамотҳои давлатӣ машғулияти омӯзиширо дар мавзуи “Робитаи марказҳои матбуотӣ бо воситаҳои ахбори омма” доир намуд.
Машғулиятро собиқ раиси Иттифоқи журналистони минтақаи Кӯлоб, муҳаррири варзидаи ТВ “Варзиш” Фарухшоев Суҳробшо муддати 5 рӯз ба иштирокдорон гузарониданд.
Дар машғулият мавзуҳои мубрам ва қисматҳои асосии фаъолияти котибони матбуотии вазорату идораҳо таҳлилу баррасӣ шуда, қайд намуданд, ки пешаи котиби матбуотӣ вазифаи нозук буда, оҷилият ва сареҳиятро талаб менамояд.
Барои беҳтарнамоӣ ва баҳогузории рафти машғулият аз иштирокчиёни курс пурсишнома гирифта шуд, ки қаноатмандӣ ва сипоси худро ба тренер ва роҳбарияти муассиса иброз доштанд.
Дар анҷоми машғулият аз шумораи 27 нафар иштирокчӣ ба 24 нафари онҳо, ки дар дарсҳо фаъол буданд, СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО тақдим гардид.
Мирзоаминӣ Бахтиёр