АСОСҲОИ ТЕХНОЛОГИЯИ АНИМАТСИЯ

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” тибқи нақшаи корӣ барои баланд бардоштани малакаи касбии коргардон-аниматор ва рассосм-аниматори шабакаҳои телевизионӣ машғулияти омӯзиширо таҳти унвони “Асосҳои технологияҳои аниматсия дар телевизион” доир кард.

         Машғулиятро рассоми шинохта, продюссер, коргардон ва аниматор  Бахтиёр Қаҳҳоров давоми 5 рӯз (аз 17 то 21 ноябр) дар китобхонаи Муассиса ба тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронид.

         Дар анҷоми машғулият 8 нафар аз иштирокчии фаъол соҳиби СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО гардиданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.