АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ “ҲИФЗИ ИТТИЛООТ ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ВАО”

Аз 26 феврал то 01 март дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ бо иштироки кормандони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ ҷараён дошт.

Машғулияти омӯзишро асосан барои кормандоне, ки ба сомонаи муассисаҳо сару кор доранд ташкил намудем.

Машғулияти мазкурро мутахассиси соҳа, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти факултаи журналистикаи ДМТ ҲАМИДИЁН Илҳомҷон Иномзода тибқи барномаи таълимӣ ба иштирокдорон омӯзонданд.

Дар машғулият мавзуҳои “Амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи фазои иттилоотии Тоҷикистон”, “Таҳдидҳои иттилоотӣ”, “Усулҳои ҳимояи иттилоот – вирусҳои компютерӣ”, “Гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ”, “Нақши зиёиён ва ВАО дар таъмини амнияти иттилоотӣ”, “Фазои иттилоотӣ – ҷангҳои иттилоотӣ – таърихи пайдоиш ва ташаккули онҳо”, “Амнияти иттилоотӣ ҷузъи амнияти миллӣ”-ро омӯхта, дар машғулиятҳои амалӣ таҳлил ва саволу ҷавоб намуданд.

Дар анҷоми машғулият аз шумораи 11 нафар иштирокчӣ танҳо 6 нафари онҳо соҳиби сертификати Академияи ВАО шуданд. Боқимонда бо сабабҳои бемасъулиятӣ ба дарс сертификат нагирифтанд, ки инҳо 2 нафар аз ТВ “Тоҷикистон”, 1 нафар ТВ “Илм ва табиат”, 1 нафар Радиои “Тоҷикистон” ва 1 нафари дигар аз нашрияи “Народная газета” буд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.