АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ЭТИКАИ КАСБИИ ЖУРНАЛИСТ
Имрӯз (13.12.24) дар Академияи ВАО машғулияти омӯзишии “Этикаи касбии журналист” ҷамъбаст гардид.
Ёдовар мешавем, ки машғулияти мазкур аз 09-ум декабр оғоз гардида то 13-уми декабри соли равон идома кард.
Машғулияти омӯзиширо собиқадори соҳа, омӯзгори факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов газаронид.
Дар машғулият мавзуҳои: Этикаи касбӣ чист?, Оё барои журналистон этикаи касбӣ зарур аст?, Чаро журналистонро танқид мекунанд?, Меъёрҳои ахлоқиву касбӣ, Масъулияти иҷтимоии журналист, Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ВАО, Одоби суҳбат, Одоби суол, Одоби истифодаи воситаҳои техникии журналистӣ, Таҳлили намунаҳо аз фаъолияти журналистон, Тавсияҳои этикӣ барои блогерон ва ба ин монандро омӯхтанд.
Омӯзгор (тренер) дар рафти дарсҳо барои ҷолибияти мавзуҳо ҳар гуна бозиҳо гузаронида, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро бештар ба мантиқи саволгузориҳо равона мекард, зеро аз саволгузориҳои бемантиқи журналистон борҳо дар нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо гуфтаанду шунидаем.
Дар анҷоми машғулият ба 16 нафар шунаванда, ки аз нашрияҳои даврӣ ва шабакаҳои телевизиону радио ҷамъ омада буданд, СЕРТИФИКАТ супорида шуд.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ