АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАИ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА ПАРЛАМЕНТ
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон”, аз санаи 19 август то 31 августи соли ҷорӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ, ҳамзамон барои боз ҳам баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии кормандони телевизион, радио ва матбуоти даврӣ машғуляти омӯзишии соҳавиро дар самти қонунгузорӣ ва парламент доир гардонид.
Машғулияти соҳавиро мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сулаймонзода Манучеҳр ва Имомов Ҳумоюн давоми 12 рӯз гузарониданд.
Номбурдагон дар ин муддат ба иштирокчиён дар мавзуҳои Асосҳои умумӣ дар бораи парламент, Сарчашмаҳо ва қонунгузорӣ, Мавқеи парлумон дар низоми мақомоти давлатӣ, Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақомоти қонунгузорӣ, Сохтор ва ҳайати парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Робитаи Маҷлиси олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Шакл ва фаъолияти парлумон, Ҷараёни қонунгузорӣ ва палатаҳои Маҷлиси олӣ, Тартиби қабул ва ҷонибдории қонунҳои ҶТ, Назорати парлумонӣ дар ҶТ ва амсоли инҳоро ба тариқи назариявӣ ва амалӣ доир намуданд.
Дар анҷоми машғулияти омӯзишӣ аз шумораи 13 нафар иштирокчӣ 11 нафари онҳо ба гирифтани СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО мушарраф гардиданд.
Академияи ВАО

