АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ САМТИ ҲУҚУҚИ ИНСОН
Имрӯз (07.06.24) дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ба шунавандагони машғулияти самти ҳуқуқи инсон сертификат тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки машғулияти мазкур аз 27 май то 07 июн идома карда, мавзуҳо ва масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсонро омӯхтанд.
Машғулиятро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Некрӯз ва намояндаи Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодирӣ ба иштирокчиён, ки аз шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ ҷамъ омада буданд, омӯзонданд.
Машғулият тибқи нақшаи кории Академия ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” рост омада, барои дуруст фаҳмонидани қонунҳову санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дуруст таҳия намудани барномаву маводҳои журналистон кӯмак хоҳад кард.
Дар анҷоми машғулият аз 15 нафар иштирокчӣ ба 13 нафари онҳо, ки иштироки фаъолона доштанд СЕРТИФИКАТ дода шуд.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ