АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ РАССОМӢ ВА ДИЗАЙНЕРӢ
Аз 16-ум то 20-уми сентябри соли равон дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ барои рассомон ва дизайнерони шабакаҳои телевизионӣ гузаронида шуд, ки доираи васеи иштирокчиёнро аз шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ба ҳам овард.
Дар машғулият ба сифати омӯзгор (тренер) мутахассиси соҳа, дизайн – ороишгар Пирумшоев Салимшо ҷалб гардида буд, ки давоми 5 рӯз мавзуҳои асосҳои дизайн, ороиши саҳна, графикаи компютерӣ, ороиши бадеии саҳнаҳои телевизион ва саҳми рассом – дизайн дар барномаҳои консертиро ба таври назариявию амалӣ гузаштанд.
Дарсҳои амалии машғулият дар студияҳои телевизиони “Тоҷикистон” ва шуъбаи дизайни ин муассиса гузаронида шуданд, ки шунавандагон ба таврӣ аёнӣ аз санъати рассомон ва дизайнерон огоҳ шуда, паҳлуҳои норавшани фаъолияти кории худро омӯхтанд.
Албатта омӯзиши чунин машғулиятҳо дар асре, ки ҳамарӯза пешравии техника ва технологияи нав дар ҳоли рушд аст, ба манфиати кормандони соҳа мебошад. Ҳамчунин барои дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио”, ки барои солҳои 2021 – 2025 қабул шудааст, зарур мебошад.
Ҳамин тавр дар ҷамъбасти машғулият ба 12 нафар шунавандаи фаъол СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО супорида шуд.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
Академияи ВАО