АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “МАҲОРАТИ СУХАНВАРӢ”

Дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” аз 22 январ то 02 феврали соли равон машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Маҳорати суханварӣ” гузаронида шуд. Машғулияти мазкурро наттоқи шинохтаи кишвар Таҳмина Раҷабова ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Шодиев ба иштирокчиён омӯзонданд.

Дар машғулият мавзуҳои мантиқи сухан, тарзи қироати шеър, фарқияти хондани наср аз назм, тайёр шудан ба эфир, бартараф намудани шиддат дар овоз, намудҳои эҳсосот, дар танҳои бо худ кор кардан, кор бо шунаванда, санъати мусоҳиба ва дигар мавзуҳои вобаста ба санъати суханвариро дар шакли назариявию амалӣ ба шунавандагон таълим доданд.

Дар анҷоми машғулият аз 21 нафар шунаванда 17 нафари онҳо ки иштироки фаъолона доштанд, сертификати Академияи ВАО-ро соҳиб шуданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.