АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ
Тибқи нақша аз 05-ум то 20-уми феврали соли равон дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар самти нақлиёт ва коммуникатсия ҷараён дошт.
Машғулиятро ду тан аз мутахассисони соҳа, ки яке сармуҳаррири “Рӯзномаи “Нақлиёт”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хандонгул Доробова ва дигаре номзади илмҳои техникӣ, дотсенти факултети нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Нурулло Соҳибов ба шунавандагон дарс гуфтанд.
Иштирокчиёни машғулият, ки аз кормандони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ даъват шуда буданд, давоми ин рӯзҳо системаи нақлиётҳои автомобилӣ, сохтори техникӣ, муҳаррикҳои барқӣ, нақлиёти роҳи оҳан, мошинҳои сохтмону роҳсозӣ, лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо, мушкилоти роҳсозӣ, сабабҳои зуд вайрон шудани роҳҳои байни кӯчаҳо ва дигар мавзуъҳои вобаста ба соҳаи мазкурро омӯхтанд.
Дар машғулиятҳои амалӣ барномаҳо, хабару гузориш ва маводҳои дар ин самт тайёрнамудаашонро намоиш дода, аз тарафи омӯзгорон таҳлилу баррасӣ ва нуқсонҳои онҳо, ки аз истилоҳсозии соҳа то тарзи талафузу гуфтор ва тайёрӣ ба мусоҳиба буданд, фаҳмонда шуданд.
Дар анҷом беҳтаринҳо ва фаъолони машғулият соҳиби сертификати Академияи ВАО шуданд.
