АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ “РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ”
Машғулияти омӯзишии “Риояи меъёрҳои забони давлатӣ”, ки аз 27 феврал то 3 март дар Мусассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” идома дошт, ба анҷом расид.
Дар машғулияти мазкур кормандони шабакаҳои телевизион ва радио ширкат намуда, услуби навиштан, риояи меъёрҳои нави имло ва дигар меъёрҳои забони давлатиро фаро гирифтанд. Дар ҷараёни дарс машғулиятҳои амалӣ доир гардид.
Омӯзгори машғулият Қурбонов Содиқ, дотсенти кафедраи забони давлатии факултети филологияи ДМТ оид ба меъёрҳои нави имло, бехато навиштан ва ғайраро ба иштирокчиён омӯзиш дод.
Дар анҷом Саъдӣ Маҳдӣ зимни супоридани Сертифати “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” таъкид намуд, ки шабакаҳои телевизион ва радио бояд меъёрҳои забони давлатиро риоя намоянд, зеро ҳар он чи гуфта ё навишта мешавад, зуд ба зеҳни мардум менишинад.
Дар анҷом ба 14 нафар иштирокчиён Сертификат супорида шуд.













