АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ КОРГАРДОНҲО
Имрӯз дар Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба 11 нафар коргардони шабакаҳои телевизионӣ ва 4 нафар донишҷӯйи фаъоли ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода сертификат тақдим гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки давоми 5 рӯз коргардонҳои шабакаҳои телевизионӣ машғулияти омӯзиширо дар мавзуи “Маҳорати коргардонӣ дар телевизион” омӯхта, таҷрибаи худро дар ин соҳа ғанӣ намуданд.
Машғулияти омӯзиширо Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон, коргардони собиқадори телевизион ва кино, устоди ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Ҳалим Сангин ба иштирокдорон омӯзониданд.
Дарсҳо аз рӯйи барномаи (модул) соҳавӣ ба таври назариявию амалӣ гузаронида шуда, дар машғулиятҳои амалии он узви Иттифоқи бастакорон ва кинематографистони Русия Толибхон Шаҳидӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Баҳром Сайфиддинов ва Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” Набизода Набӣ ишторок ва суханронӣ намуданд.
Дар анҷом иштирокдорон ба омӯзгор ва роҳбарияти Академия ташаккур гуфта, ташкил намудани чунин машғулиятҳоро ба манфиати кори хеш ва рушди коргардонӣ дар телевизион изҳор доштанд.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
