АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТ

Машғулияти омӯзишии рассомон ва дизайнерони шабакаҳои телевизионӣ дар мавзуи “Дизайн ва графикаи компютерӣ дар телевизион”, ки Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 05-ум то 12-уми майи соли ҷорӣ баргузор кард, ҷамъбаст гардид.

Ёдовар мешавем, ки машғулиятро мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳа, рассом – дизайнер Салимшо Пирумшоев ба шунавандагон гузаронид.

Дар ҷамъбасти машғулият ба 7 нафар рассом – дизайнери шабакаҳои телевизионӣ сертификат дода шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.