АНҶОМИ ЗИНАИ АВВАЛИ КУРСИ ЗАБОНОМӮЗӢ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радио курси забони англисиро ба роҳ монд.
Аз 27 май то 21 августи соли 2024 (дар муддати 3 моҳ) Академияи ВАО барои баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони шабакаҳои телевизион ва радио машғулияти омӯзиширо баргузор намуд.
Курси бозомӯзиро муаллимаи калони кафедраи забони англисии ДМТ Қодирова Гулнора ба шунавандагони машғулият гузаронида, онҳоро бо қоидаҳои забони англисӣ, граматика, интихоби артикл, талабот ва тарзи дастрасии мавод ошно намуд.
Дар курси омӯзишӣ 52 нафар иштирок намуда, ба 22 нафар иштирокчиёни машғулияти бозомӯзӣ СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО супорида шуд.
Академияи ВАО