АНҶОМИ ДАРСИ СОҲАИ ФАРҲАНГ

Имрӯз (03.10.2025) ба шунавандагони машғулияти омӯзишии соҳаи фарҳанг сертификат дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои журналистони телевизион, радио ва нашрияҳои даврӣ, ки ба таҳияи маводҳои фарҳангӣ машғуланд, дарси соҳавиро баргузор кард.

Машғулият аз 22 сентябр то 03 октябр дар толори китобхонаи Муассиса ба таври назариявӣ ва амалӣ доир гардид.

Ҳамчун омӯзгор (тренер) машғулиятро Мирализода Раҳмоналӣ Миралӣ гузаронид.

Дар охир аз 17 нафар иштирокчии курс 12 нафари онҳо ба гирифтани сертификат сазовор дониста шуд.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.