АКАДЕМИЯИ ВАО КОТИБОНИ МАТБУОТИРО БА ҲАМ ОВАРД

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои кормандони марказҳои матбуотии вазорату идораҳои мақомоти маҳаллӣ, кумитаҳо ва хадамотҳои давлатӣ машғулияти омӯзиширо дар мавзуи “Робитаи маркаҳзои матбуотӣ бо воситаҳои ахбори омма” доир намуд.

Машғулияти омӯзишӣ аз 22 то 26 апрели соли равон идома ёфта, дар шакли назариявию амалӣ гузаронида мешавад.

Дар машғулияти омӯзишӣ усулҳои навини хабаррасонӣ, таҷрибаи ҷаҳонии соҳа ва робитаи хадамоти матбуотӣ бо ВАО, вазифаҳои маркази матбуотӣ, қоидаҳои тиллои дар ин раванд, пешниҳоди ахбор ба ВАО, тайёр намудани пресс-релиз, конфронсҳо, брифинг ва вокуниш ба маводҳои танқидиву таҳлилӣ омӯзонида мешавад.

Машғулиятро собиқ раиси Иттифоқи журналистони минтақаи Кӯлоб, ровии бомаҳорати барномаҳои ТВ “Варзиш” Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ ба иштирокдорон дарс мегӯяд.

         Маркази матбуотии ҳар як корхона симои онро нишон дода, барои пешравии фаъолият бояд бо воситаҳои ахбори омма робитаи ногусастанӣ дошта бошанд, аз ин лиҳоз ташкил намудани машғулиятҳои омӯзишӣ барои онҳо саривақтӣ ва зарур мебошад.

Мирзоаминӣ Бахтиёр

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.