Бознигарии категория

Таърихи Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон”

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “АКАДЕМИЯИ ВАО-И ТОҶИКИСТОН”

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

аз 3 январи соли 2014 №23 ш. Душанбе

Дар бораи Муассисаи давлатии
“Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти воситаҳои ахбори омма, татбиқи дастовардҳои илми муосир дар таъмини амалии иттилоот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад.
1. Дар заминаи Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии (радио, телевизион, кино) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” тасдиқ карда шавад.
3. Теъдоди штати кории Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” 27 воҳид, аз ҷумла 12 воҳид аз ҳисоби теъдоди умумии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ муқаррар карда шавад.
4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат ва хароҷоти марбут ба фаъолияти муассисаи мазкурро аз 1 январи соли 2014 ва солҳои минбаъда муайян карда, таъмин намояд.
5. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”-ро бо бино ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин намояд.
6. Дар Номгӯйи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №610 “Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст, калимаҳои “Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалӣ (радио, телевизион, кино)” ба калимаҳои Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” иваз карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” 01 марти соли 2016 расман ба фаъолият оғоз намуд. Аввалин директори он Исмоилзода Зинатуллоҳ мебошад.
Аз 05 марти соли 2021 то ҳоло ин муассисаро Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ роҳбарӣ менамояд.
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо ҳадафи омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони телевизион, радио ва нашрияҳо таъсис шуда, ҳамчунин метавонад пажуҳишҳои илмӣ ва насарсанҷиҳо анҷом диҳад.
Қобили зикр аст, ки нахустин маротиба 10 марти соли 2012 дар ҷашни 100 – солагии матбуоти тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъсиси ниҳоди омӯзишӣ барои такмили ихтисоси кормандони воситаҳои ахбори оммаро ба миён гузоштанд ва пешниҳод намуданд, ки номи он “Академияи ВАО” бошад ва ҳам кормандони телевизиону радио ва ҳам нашрияҳоро ба такмили ихтисос ва омӯзиши касбӣ фаро гирад. Бар асоси ин пешниҳод заминаҳои моддию техникӣ таҳлилу баррасӣ шуда, ниҳоятан дар соли 2016 фаъолияти Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” расман оғоз гардид.
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дар як муддати кӯтоҳ бо ташкил намудани машғулиятҳои омӯзишии тахассусӣ ва соҳавӣ, анҷоми назарсанҷиҳо ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ натиҷаҳои хуб ба даст овард. Муассиса аз аввалин рӯзҳои таъсисёбӣ то ба имрӯз беҳтарин мутахассисонро аз дохил ва хориҷ барои бозомӯзи кормандони телевизиону радио ва нашрияҳо ҷалб мекунад ва машғулиятҳои мухталифи тахассусӣ ва соҳавӣ баргузор менамояд.
Ҳамзамон ҳамасола ин гуна машғулиятҳои омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои кормандони ВАО-и ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.
Баргузориии ҳамоишҳои илмӣ-оммавӣ низ яке аз самтҳои фаъолияти Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аст.
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ниҳоди ҷавон ва навтаъсис буда, бо назардошти имкониятҳо ва шароит фаъолияти босамар дорад. Директори имрӯзаи муассиса Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ иқдомҳои наверо мехоҳад амалӣ созад. Аз ҷумла тарҳи низомномаи нави муассисаро пешниҳод намудааст, ки дар сурати пурра тасдиқ шудани он “Академияи ВАО” ба Акдемияи илмӣ-таҳлилӣ табдил меёбад ва самтҳои фаъолияташ густурдатар шуда, минбаъд ба боргоҳи илмӣ-омӯзишии рӯзноманигорон табдил хоҳад шуд. Директори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дар суҳбате таъкид намудааст, ки “Дар ин муддат “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои кормандони эҷодию техникии ВАО-и чопию электронии давлатӣ ва мустақил машғулиятҳои омӯзишӣ ва дарсҳои маҳорат ташкил намуд. Дар онҳо мутахассисони ватанию хориҷӣ дар бахшҳои гуногун дарс гуфтанд. Ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ҷиҳати ба бозомӯзиш фаро гирифтани рӯзноманигорони ҷавон ва ҳайати техникии шабакаҳо барои татбиқи усулҳои муосири журналистика ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотии замони имрӯз мусоидат менамояд”.
Сохтори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО–и Тоҷикистон” аз директор, муовини дректор ва се шуъба – шуъбаи телевизион ва радио, шуъбаи нашрия ва шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ иборат мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар давоми солҳои роҳбарии Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ дар ин муассиса ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо устодону олимони муассисаҳои олии таълимии кишвар 17 барномаи таълимӣ барои журналистони соҳавӣ омода карда шуданд. Илова бар ин, то ин давра Академия дар баробари таҳияи барномаву дастурамалҳои соҳавӣ маҷмуи мақолаҳои олимону коршиносонро китобат карда, бо номҳои “Воситаҳои ахбори омма ва ташаккули давлатдории миллӣ”, “Пулитсистика ва баъзе масъалаҳои он” ва “Воситаҳои ахбори омма пас аз иҷлосияи таърихӣ”, “Воситаҳои ахбори омма ва забони миллӣ” манзури хонандагон гардонид. Албатта иҷрои чунин иқдому ибтикороти кормандони муассиса пеш аз ҳама дар амалинамоии “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” нақши муассиру назаррас хоҳад гузошт.
Давоми солҳои 2021-2024 “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ВАО-и кишвар 58 машғулияти омӯзишии тахассусию соҳавӣ доир намудааст. Дар ин машғулиятҳо 1218 нафар кормандони шабакаҳои телевизион, радио, нашрияҳои даврӣ ва кормандони марказҳои матбуотии вазорату идораҳои кишвар такмили ихтисос намудаанд.
Муассиса аз оғози фаъолият то имрӯз (20.05.2025) ба 1863 нафар шунавандаи курсҳои худ СЕРТИФИКАТ додааст.