Cафари кории Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ идома дорад

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти дорои таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардидаву нахуст аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд. Инчунин дар деҳоти Анҷираки Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бинои замонавии Маркази адлия, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро мавриди истифода қарор доданд. Ҳамзамон зимни сафар Пешвои миллат қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин — аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.