Cафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Роштқалъа

28 сентябр баъд аз анҷом додани сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва мавриди истифода қарор додани якчанд иншооти таъйиноташон гуногун ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Маркази адлияро, ки бо тарҳ ва стандартҳои баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Дар идомаи сафари корӣ ҳамчунин бинои нави Нозироти андоз, Раёсати молия ва майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро,  ки бо санъати баланд бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.