ҶАШНИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 30 –СОЛАГИИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶТ

Ба муносибати 30 – солагии рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гашт.

Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид ва раиси Кумита Саид Нуриддин ҳозиринро ба ифтихори рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният намуд. Саид Нуриддин зимни ифтитоҳи маҷлиси мазкур аз таърихи қабули Парчами давлатӣ ёдоварӣ шуда, оид ба моҳият ва муқаррароти ин разми давлатӣ ва тадбирҳое, ки дар ҷиҳати бузургдошти он сурат мегирад, сухан кард.

Зикр шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон 24 – уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид.

Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ранг ва нишонаи хос ороиш ёфта ва он ифодакунандаи гузаштаи пурғановати таърихии халқи тоҷик мебошад.

Ҷамолиддин Шарифов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таърихи пайдоиши парчам аз давраҳои қадим то ба имрӯз сухан намуда, таъкид намуд, ки парчам ҳамчун як намоди муқаддас дар таърихи тӯлонии давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дошт ва ҳоло низ он чун рамзи муқаддаси давлатдорӣ арҷгузорӣ мешавад.

Муҳаммад Раҳмонзода, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДМТ оид ба мақоми Парчами давлатӣ дар низоми қонунгузории Тоҷикистон сухан намуд. Ӯ зикр кард, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва тартиби дар куҷо ва барои чӣ истифода намудани Парчами давлатиро танзим кардааст.

Қобили зикр аст, ки 11 декабри соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст.

Аз соли 2009 ба ин сӯ ҳар сол Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукӯҳ ва  тантана таҷлил мегардад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.