ҶАМЪБАСТИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 10-ум то 17-уми майи соли 2022 барои такмили ихтисоси масъулини сомонаҳои ВАО таҳти унвони “Медиа дар сомонаҳои иҷтимоӣ” машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Курси бозомӯзӣ ба таври назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуда, иштирокчиён оид ба таърихи пайдоиш ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, интихоби мавод, видео ва дигар нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ маълумот гирифтанд. Мутахассиси соҳибтаҷриба Хилватшо Махмудов иброз дошт, ки барои рӯзноманигори касбӣ шудан диди тоза ва дарки амиқи муҳит нақши муҳим мебозад. Бинобар ин, ҳар як нафаре, ки рӯзноманигориро ҳамчун касб интихоб мекунад дар баробари таҷҳизоти босифат ҳамзамон бояд дорои завқ, шавқ ва салиқаи хос бошад. Омӯзгор дар ҷараёни машғулият бо корҳои амалии иштирокчиён шинос гардида, ба онҳо барои рушди касбияташон маслиҳатҳои муфид дод. Дар анҷоми машғулият ба шунавандагон сертификат дода шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.