Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он оид ба фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2020 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда гузориши муовини аввали раиси Кумита Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин шунида шуд. Дар ҷамъбасти ҷаласа раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумитаро таҳлил намуда, барои фаъолияти муассири шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ роҳнамоӣ кард.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.