ҲАР КУҶО ОБ АСТ, ОБОДИСТ…


(Назаре чанд оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии“Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028)
Об – манбаи ҳаёт буда, асоси қувваи пешбарандаи самтҳои гуногуни ҷомеа ва омили муҳими боло бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Таърихи башарият ва олами рӯзгордории инсоният аз давраҳои хеле дури ҳаёт собит намудааст, ки ҳар куҷо агар об бошад, он диёру мавзеъ ҳатман ободу зеботар мегардад. Табиист, ки тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани офатҳои табиӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, бемориҳои сирояткунанда, зуҳуроти терроризм ва экстремизм, низоъҳои ҳарбӣ дар як силсила кишварҳо ва минтақаҳои олам, таҳдиду хатарҳои муосир аз бисёр ҷиҳат ба амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалӣ монеъ шуданд. Ин аст, ки дар сатҳи рӯзномаи ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаҳои об, чун пештара, аз ҷумлаи масоили хеле мубраму асосӣ ва афзалиятноку бунёдӣ боқӣ мемонад. Маҳз бо ҳамин мақсад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси нави Тоҷикистонро иброз намуд, ки Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» эълон шавад ва он василаи муҳими мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об гардад.
Бо дар назардошти аҳамияти баргузории чорабиниҳои сатҳи олии марҳилаҳои тайшудаи марбут ба масъалаҳои обу дастрасӣ ба он, имрӯз (7.06.2022) дар шаҳри Душанбе бо ҳузури олимону коршиносон ва мутахассисони олам, Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар заминаи натиҷаҳои мавҷуда ва аҳамияти бунёдии ин сарвати бебаҳои табиат ва инчунин, аз таърихи 20 соли талошҳову ташаббусҳо оид ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра ёдовар шуда, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки: “Ташаббусҳои ҷаҳонии “Соли байналмилалии оби тоза – 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005 – 2010” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013” ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти оқилонаи захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд.
Сарвари давлат оид ба нақши ташаббуси чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ андешаронӣ карда, бо итминон изҳор доштанд, ки ба шарофати ҳамкорӣ ва густариши шарикӣ дар қолаби Даҳсола рӯйкарду равишҳо барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба захираҳои об ва беҳдошт дарёфт хоҳанд гардид “
Эътимод ва боварии зиёд аст, ки барои тақвият бахшидан ба ин раванд ва нигоҳ доштани сатҳу эътибори диёрамон дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускори ин Даҳсола, на танҳо дар ҳалли масъалаҳои обии минтақа, балки дар бартарафсозии мушкилоти глобалии он пешсафии худро нишон хоҳад дод.

Каримзода Ҳақназар Изатулло,
муовини директори Академияи
воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.