ҲАМОИШ АЗ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Муассиси давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Субҳиддин Шамсиддинзода, муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ,  ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни соҳаи телевизиону радио ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Директори Муассисаи “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” Саъдӣ Маҳдӣ  зимни ифтитоҳи ҷамъомад дар хусуси мақом ва ҷойгоҳи ин санаи таърихӣ сухан намуда, бо таъкиди ифтихор қайд намуд, ки интихоби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон пешнињоди муассиру саривақтӣ буда, дар як фурсати хеле ками вақт заминаҳои сулҳу суботи доимӣ ва рушду шукуфоии ҳамешагиро асос гузошт. Маҳз талошу ҷоннисориҳои ин фарзанди фарзона ва хирадманди миллат сабаб гардид, ки Тоҷикистон имрӯз ба яке аз кишварҳои амну дар ҳоли рушду шукуфоӣ табдил гардад.

Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои  дар хусуси нақш ва мақоми Рӯзи президент ва Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олӣ сухан намуда, таъкид кард, ки ин иҷлосияи таърихӣ Тоҷикистонро аз буҳронҳои сиёсиву иҷтимоӣ раҳонид ва кишвари моро ба сӯйи рушду шукуфоӣ раҳнамун сохт.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ оид ба заминаҳои ҳуқуқии Рӯзи президент ва таърихи баргузории Иҷлосияи  ХVI Шӯрои Олӣ маълумоти бештар дода, таъкид намуд, ки ба роҳ мондани низоми президентии идораи давлат яке аз интихобҳои саривақтӣ буд ва Тоҷикистонро аз хатари гуруҳҳои ифротгаро ва ҷудоихоҳ наҷот дод. Ба таъкиди ӯ, маҳз баргузор шудани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ заминаро барои ташкили ҳукумати қонунӣ фароҳам сохт. Номбурда афзуд, ки маҳз дар ин Иҷлосияи рамзњои давлатӣ, аз қабили Парчам, Суруди Миллӣ, Конститутсия ва чандин Қонуну қарорҳои дахлдори бунёдӣ қабул гардиданд.                                     

Обидҷон Саидзода, низ дар хусуси нақш, мақом ва зарурати Рӯзи Президент сухан намуда, ёдовар шуд, ки дар солҳои аввали соњибистиқлолӣ, ки дар ҷумҳурӣ бесарусомониҳо ҳукмрон буд ва фаъолияти журналистон дар хавфу хатари доимӣ қарор дошт. Ба шарофати  талошҳову ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу субот пойдор гардида, заминаи кору фаъолият барои кормандони Воситаҳои ахбори омма фароҳам гардид.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.