ҚАСРИ «АРБОБ» — МАСНАДИ СУЛҲУ АМНИЯТ

Дар назди он муҷассамаи бузург иборат аз 30 саҳифа қомат меафрозад.

Тавре қаблан хабар додем, ба шарафи 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри «Арбоб», ки макони баргузории ин ҷашн аст, Боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд гардида истодааст. Дар ҳудуди боғ аз ҷониби ҳашарчиён дарахтони магнолия, буттаҳои ороишию ҳамешасабз ва 10 ҳазор бех гулҳои мавсимии ороишӣ шинонида шуданд. Дар боғ ҳамчунин муҷассамаи калонтарин, ки аз 30 саҳифа иборат мебошад, сохта шуда истодааст, ки ҳар саҳифаи он таърихи гузаштаи халқи тоҷикро дар ин муддат таҷассум менамояд.

Барои шинос шудан бо таърихи ин қаср ва ҷараёни корҳои омодагӣ ҷиҳати таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо ду нафар масъули ин корҳо- Директори Қасри Арбоб дар ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд Абдузафар Иномов ва сардори идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мақсудҷон Умаров ҳамсуҳбат гардид.

Директори Қасри «Арбоб» Абдузафар Иномов мегӯяд, ки «беш аз 60 сол мешавад, ки Қасри муҳташами «Арбоб» ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мисли якчанд иншооти нодири ҷаҳон, амсоли қасрҳои Россия, Тоҷмаҳали Ҳиндустон, аҳромҳои Миср, манораи Эйфели Фаронса чун мавзеи таърихию фарҳангӣ чун қадамҷои бузургони сиёсат, илму маърифат, аҳли адабиёту санъат, зиёратгоҳи сайёҳон аз мамолики дуру наздики ҷаҳон ва меҳмонон аз манотиқи гуногуни Тоҷикистони азиз маълуму машҳур гардидааст.

Воқеан, Қасри «Арбоб» ба шарофати баргузор гардидани Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии мамлакат боз ҳам шуҳрату маҳбубияти баландро соҳиб гашта, вирди забони хурду бузург гардид».

Дар давраи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурӣ ба бузургтарин дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид, ки ҳамаи ин муваффақият ва пешравиҳои 31 соли мамлакатро метавон бо ном ва кори Сарвари давлат алоқаманд донист.

Имрӯз ин қасри бошукӯҳ файзу таровати худро аз пештара бештар кардааст. Мавзеи қаср макони таърихӣ, ҷои истироҳатӣ, тамошогоҳи пиру ҷавон, сайргоҳи навхонадорон, ҷавонону кӯдакон гаштааст. Ҳудуди беш аз 50-гектараи Қасри «Арбоб» дорои толори бошукӯҳу барҳаво ва зиёда аз 600 ҷои нишаст буда, чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангию сиёсӣ дар ин макони таърихӣ баргузор мегарданд.

Дар саҳифаҳои китоби таърих сабт шудааст, ки сохтмони ин қаср моҳи феврали соли 1951 оғоз ёфта, санги аввалини биноро моҳи апрели ҳамон сол Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гузоштааст.

Бунёди қаср 7 ноябри соли 1957 ба муносибати 40-солагии ғалабаи Инқилоби Октябр ба охир расидааст. Асосгузори ин бинои муҳташами таърихӣ — пири кишоварзон, деҳқони хокпошу фурӯтан, 2 карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, эҷодкори касби деҳқонӣ, наҷотбахши заминҳои ташналаб, бунёдгари боғу майдонҳои ризқрасон Саидхӯҷа Урунхоҷаев буд.

Қувваи асосии бинокорон аз ҳудуди хоҷагӣ буда, боз намояндагони дигар халқҳо ба кори сохтмон ҷалб карда шуданд. Тааҷҷубовар он аст, ки тамоми кори сохтмони ин қасри бошукӯҳ бе кранҳои борбардор ва умуман бе ёрдами техникаи ҳозиразамон, танҳо бо услуби ҳашар сохта шудааст.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдом ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии қаср таъмир гардида, бо дарназардошти арзиши бузурги меъморию таърихии офаридаҳои устоҳои пешина навсозӣ шуд. Ҳунармандон кӯшиш карданд, ки нақшу нигор ва рангубори аслии сақф ва деворҳои онро нигоҳ доранд. Дар толори давраи барқароркунии баъдиҷангӣ ва сохтмони Қасри «Арбоб» аксҳои бунёдгарони ин иншооти бузург гирд оварда шудаанд, ки бинандаро ба тамошо кардан водор месозанд.

Ҳамзамон маҳсули дастони наққошону кандакорон, ки номҳояшон дар сақфи биноҳои гулкорӣ нақшбандӣ шудаанд, шаҳодати ҳунари дастони пурэъҷози сардори бригадаҳои сохтмонӣ Бақохон Махсумов, гаҷкор Устозокир Қодиров, кандакорон Устомақсуд Солиев ва дигарон мебошад. Қасри «Арбоб» то кунун симои таърихиашро нигоҳ доштааст.

Дар тантанаи 20-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (19 ноябри соли 2012) дар ин қаср намояндагони даҳҳо миллатҳои гуногун, сафирони чандин мамлакати ҷаҳон иштирок карда, дӯсти ҷонии тоҷикону тоҷикистониён будани худро нишон доданд.

Бояд зикр кард, ки Қасри «Арбоб» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади ҳифзи амалии ин ёдгории беҳамтои ҳунари миллӣ соли 2011 аз тавозуни хоҷагӣ гирифта, ба Муассисаи давлатӣ табдил дода шуд. Соли 2012 Қаср пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, иншооту хатҳои ёрирасони он навсозӣ гардид.

Ҳамзамон дар ошёнаи дуюми қаноти чапи Қаср осорхона бунёд ёфт. Осорхона ба муносибати ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле васеъ гардида, такмил дода шуд. Дар ин кори душвор, вале ифтихорӣ, мутахассисони осорхонашинос, олимон, рассомон бо сарварии усто Ғафурҷон Ҷӯраев хизмати шоиста кардаанд.

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд толор ва даромадгоҳи Қасри «Арбоб» ба муносибати ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмиру навсозӣ гардида, дохили бино ва саҳни пешорӯи он оро ва таъмиру такмил ёфтааст. Ба онҳо технологияи нави замонавӣ пайваст гардида, силсилафаввораҳои беҳамто шукӯҳу шаҳоматашро дучанд гардонидаанд.

Ҳамзамон дар шафати Қасри маданияти «Арбоб» бахшида ба ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чойхонаи миллӣ бунёд карда шуд.

Чойхона чун муассисаи фарҳангию фароғатӣ дар таърихи халқу миллати тоҷик мавқеъ ва манзалати хос дорад. Он дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷомеа нақши худро гум накарда, баръакс бо ғамхориҳо ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам густариш ёфт.

Мавриди зикр аст, ки нахустхишти бунёди Чойхонаи миллии «Арбоб» аз ҷониби собиқ сарвари вилояти Суғд — имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода гузошта шудааст. Ҳамин тариқ, корҳои асосии сохтмон дар ин иншооти азим моҳи апрели соли 2012 оғоз ёфта, он то ба истифода додан ба ҳашари ҳақиқии ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят табдил ёфта буд.

Хушбахтона, имрӯз чойхонаи миллии Арбоб макони фароғатию истироҳатӣ ба ҳисоб рафта, дар айни замон метавон онро нодиртарин иншооти меъморӣ дар минтақа унвон кард. Зеро ин қасри муҳташам маҷмӯи ҳамбастагии санъату ҳунари классикии миллӣ ва намунаҳои барҷастаи технологияи замони муосир маҳсуб мешавад.

Сардори идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мақсудҷон Умаров мегӯяд, ки «бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри таърихии «Арбоб» бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ бомаром ҷараён дошта, дар назар аст, ки то рӯзи ҷашн боз як иншооти фароғатӣ ба истифода дода шавад. Айни ҳол сохтмончиён ҳама машғули коранд».

Бино ба иттилои Мақсудҷон Умаров, чанде пеш дар ин боғ, ки 7 гектарро ташкил медиҳад, ҳашари ниҳолшинонӣ бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо ва бо иштироки бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир карда шуд. Дар он барои сабзу хуррамгардонии боғи фароғатии Қасри «Арбоб» бо ёрии мутахассисони соҳа ниҳолҳои гуногун, аз ҷумла дарахтони магнолия, хризантемаи декоративӣ, сояафкан, буттаҳои ороишию ҳамешасабз ва 10 ҳазор бех гулҳои мавсимии ороишӣ шинонида шуданд.

Ҳамзамон дар ҳудуди боғ баробари дигар корҳои ободонию созандагӣ, инчунин мавзеи фароғатии «Сайри чамангул» ташкил карда шудааст. Дар инҷо дар як вақт корҳои мумфаршкунӣ, омодасозии роҳравҳо бо сангҳои маҳаллии ородода, нишастгоҳҳо, фаввораҳо дар арафаи анҷомёбиянд.

«Дар даромадгоҳи боғ дарвозаи боҳашамате қомат афрохтааст, ки тарзи сохтмони он касро ба ваҷд меорад. Дар ҳудуди боғ чароғакҳои равшанидиҳандаи замонавӣ насбу васл карда шудаанд. Боз ду адад фаввораҳои калоне бо услуби ҳозиразамон сохта шудаанд, ки ба ҳусни боғ зебоӣ зам мекунанд. Мавзеи алоҳида барои машқи варзишӣ ва ҷойи бозии кӯдакон низ ба назар гирифта шудааст»,- илова намуд Мақсудҷон Умаров.

Басо рамзист, ки 16 ноябри соли равон мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин яке аз санаҳои бузургест, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷаста дорад. Иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахши 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри «Арбоб» — и вилояти Суғд моҳи ноябри соли 1992 дар рӯзҳои вазнини парешониву парокандагӣ, шубҳаву ҳарос ва муборизаҳои дохилӣ баргузор гардид, ба мо ҳадяи бебаҳо – Пешвои муаззами миллатро дод.

Маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз буд, ки миллату давлати мо аз нестшавӣ наҷот ёфт ва сулҳу субот дар ҷумҳурӣ танинандоз гардид.

Саъдулло МАҲКАМ,

АМИТ «Ховар»

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.