Қалам, силоҳи беозор

         Қалам бозичае барои тифлакон, ки онро модаронамон ба дасти ҳар яки мо медоданд, ки бо он саргарми тасвири хонаи орзуҳоямон шуда, ба тариқи расми кашидаамон ба онҳо бигуем, ки дар оянда кӣ шудан мехоҳем. Мо ба он чи ки дар авроқу девори хона, банди дастонамону фарши зери поямон тасвир мекардем, ба ҳақиқӣ будани он ва рӯзе ба ҳақиқат табдил шудани он бовар мекардем. Ранги сабзро ба замин бирезам то сабзазор мешавад. Инро ба мо қалам омӯхт.

Қалам дар зиндагии мо инсонҳо як ашёи ночиз ва бениҳоят арзон мебошад, ки вориди ҳар мағозае мешавем, аввал чашмамон ба бастаи рангоранги қаламҳо меафтад, ки ҳуши моро ба худаш ҷалб месозад. Мо ба назди фурӯшанда рафта, на як қалам балки чанд намудашро тибқи завқи худ харидорӣ мекунем. Агар дар ҷайби мо маблағамон барои нон харидан нарасад. Лекин ҳатман барои харидори намудани як қалам мерасад.

Қаламро ку харидам?!

Лекин суол ин ҷо аст, ки бо қалами харидаам, чӣ менависам?!

Қалам як ашёе ҳаст, ки бо дасти худи инсон сохта шудааст. Лекин барои дар миёни ангуштон нигоҳ доштани ин ашё ҳам дили боҷуръат лозим. Бештари он чизе, ки дар ҳаёт анҷом медиҳем, бидуни фикр ҳастанд. Лекин баробари хомаро ба даст гирифтан соатҳо ба фикр фурӯ меравем, то чизе бигӯем, ки созанда, мондагор, ислоҳкунанда, ва ободкунанда бошад.

Қалам ҳам тақдирсоз ҳасту ҳам тақдирсӯз!

Қалам тақдири бештари инсонҳоро сохт ва номи онҳоро то ба имрӯз дар таърихи башарият зинда нигоҳ дошт. Лекин тақдири бештари қаҳрамонҳои роману повест, қиссаю ҳикояҳоро сӯхт. Ҳол дар бораи қаҳрамонҳои воқеӣ намегӯям.

Қалам гуногунранг аст. Лекин авроқ ҳамеша ранги сафед дорад, ки ин аз ҳар кадоми мо вабастагӣ дорад, ки зиндагиямонро рӯйӣ авроқи сафед бо чӣ гуна рангҳо омезиш медиҳем. Баъзе аз инсонҳо ранги ҳазорҳо хомаро ба охир расониданд. Аммо танҳо авроқро сиёҳ карданду халос.

Қалам барои тамоми қишри ҷомеа дӯсти бовафоест, ки барои баъзеҳо дӯсти нимроҳа ва барои баъзеи дигар дӯсти охири роҳ мебошад, ки барои баъзеҳо дар зиндаги нон ва пас аз маргашон барои онҳо ном медиҳад. Ӯ дӯсти бесадое ҳаст, ки онро то ба охир расидани қатраи охирини рангаш рӯӣ авроқ кашони ҳам ҳеҷ гоҳ миннат намекунад, ки бароят нон додам ва ҳам ном.

Ин ба ҳамаи мо маълум аст, ки мо ҳар як ҷомеаи ҷаҳонро аз рӯӣ қалам ба дастони нотарсу далераш мешиносем. Онҳо тавонистанд оину фарҳанги қадимаи худро рӯӣ авроқи сафед тасвир карда, то ба имрӯз зинда нигоҳ доранд. Имрӯз ҷомеаи мо ифтихор аз он дорад, ки гузаштагони мо бо воситаи қалами худ тавонистанд насли имрӯзи моро тарбия намоянд.

Хуш ба ҳоли шахсоне, ки қаламро дар ҷайби худ гирифта, бо он метавонанд дарди ҷомеаро дармон намоянд ва қалам барояшон силоҳи беозоре ҳаст, ки на вазнинӣ мекунаду на манзили зисташонро тангӣ. Онро метавон дар паси гӯш низ ҷой кард. Лекин ба гӯши душманонашон кайҳо расида аст, ки дар миёни ду ангушташон ҚАЛАМ ДОРАНД….!!!

Зуҳро Ризозода корманди “Академияи ВАО-и Тоҷикистон”

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.