Рӯзи дониш муборак!

Маориф – соҳаи муҳиму афзалиятноки ҷомеа

Мусаллам аст, ки дар сархати сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маориф ҳамчун соҳаи муҳиму асосӣ ва афзалиятноки ҷомеа эътироф шуда, баҳри рушду инкишоф ва дурнамои устувори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Бо сипосгузорї аз рушду тақвияти доманадор ва имконияту шароити  арзандаи корӣ, мехоҳам махсусан ёдовар шавам, ки масири давлатдории кишвари абарқудрати Шӯравӣ пешрафти ин соҳаи калидиро на ба он шаклу сурате, ки бояд рушду инкишоф менамуд, таъмин карда тавонист.

Вале имрӯз бо таъкиди ифтихору пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маорифи миллии мо ба таври бесобиқа пешрафту тавсеа ёфта, дастоварду комёбиҳои он боиси ифтихор ва васфи махсус аст. Далели воқеии чунин натиҷаҳои назарраси соҳаро бо зикри 9 мактаби Президентӣ бо фарогирии 8 ҳазор хонанда, 75 гимназия барои зиёда аз 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей барои 36 ҳазор шогирдон, ки ин ҳама аз баракати соҳибистиқлолии кишвар ибтидо ва маншаъ мегирад.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Бо назардошти моҳияти арзишноки техналогияи навин, эълон гардидани солҳои 2020-2040  ҳамчун “Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат давоми ду даҳсолаи оянда иқдоми беназир буда, ҳар яки мо кормандони соҳаро вазифадор менамояд, ки баҳри бунёду ояндаи дурахшони илмҳои табииву риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, мафкураи техникии насли наврасро боз ҳам қавитару устувортар гардонем.

Ҳикмати нодири таҷрибаҳои рӯзгордорӣ аз давраҳои дур собит намудааст, ки инсони асилу воқеӣ умри худро бояд дар пайи омўзиши илму маърифат ва равиши ин масир масраф намояд. Аз ин ҷост, ки дар ин моваро ниёгони мо асоси рушд ва мояи маънавии инсонро аз донишҳои устувору тафаккури гиро баҳогузорӣ менамоянд. Бардошти воқеӣ ва масъулияти азбарнамоии омӯзиш, асоси шаъну эътибори инсон гардида, тавассути он метавонад миёни мардум соҳиби шуҳрату мақоми хоса гардад.

Бо тавзеҳи баёни ин матлаб, ёдовар шудан ба маврид аст, ки  мардуми сарбаланди тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии инсонӣ арҷи бештар мегузоранд.

Итминони комил дорем, ки тавассути Истиқлоли Ватан пайки шодию нишот ва таҳкими суботу оромӣ дар Тоҷикистони навин  дучанд гардида, кулли устодону омӯзгорон баҳри амалинамоии сиёсати созандаву бунёдкоранаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бештару афзунтар мегузоранд.

Каримзода Ҳақназар Изатулло, муовини директори Академия ВАО-и Тоҷикистон

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.