Шӯъбаи технологияҳои иттилоотӣ

Шӯъбаи технологияҳои иттилоотӣ аз оғози фаъолияти МД ”Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ба кор шурӯъ карда, кормандони бахшҳои эҷодию техникии ВАО-ро бо семинарҳои омӯзишӣ фаро гирифта аст.
      Феълан технологияҳои коммуникатсионӣ бо суръати баланд рушд мекунанд ва бо дарназардошти ин омил талабот ба мутахассисони соҳа низ меафзояд. “Истифодабарии интернет ва дигар технологияҳои иттилоотӣ”, “Ҳифзи иттилоот”, “Гузариш ба пахши HD” (шиносоӣ), ҳамчунин курси омӯзишии даврии “Гузариш ба пахши HD” аз ҷумлаи  курсҳои бозомӯзие мебошанд, ки аз ҷониби шуъбаи мазкур гузаронида шудаанд ва тариқи ин машғулиятҳо  кормандони техникии шабакаҳои телевизионию радиоӣ аз навгониҳои соҳаи техникаи муосир огаҳӣ ёфта, тарзи дурусти истифодаи онҳоро меомӯзанд.  
         Ҳамзамон шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ курсҳои дохилиро барои кормандони академия ба роҳ мондааст. То ба имрӯз ин машғулиятҳо  дар мавзӯҳои “Омӯзиши компютер”(қисми техникӣ), “Омӯзиши компютер”(қисми барномавӣ), “Истифодабарии интернет” ва “Кор бо манбаи додаҳо” гузаронда шудаанд.  
Шуъбаи технологияҳои иттилоотии МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” соли равон дар асоси нақшаи корӣ якчанд курсҳои омӯзиширо ба роҳ мондааст.  

Шарҳҳо пӯшидаанд.