Шуъбаи нашрия

Шуъбаи нашрия барои ВАО-и чопӣ  ва оҷонсиҳои иттилоотӣ  хизматрасониҳои машваратӣ ва тадқиқотҳо дар самти муайянсозии мушкили кунунии нашрияву маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ, усулҳои муосири фаъолият дар бахши менеҷмент ва роҳҳои пайдо кардани мавқеи шабакаву нашрияҳо дар бозори Медиаро ба роҳ мондааст.   Дар шӯъбаи нашрияи “Академияи ВАО–и Тоҷикистон” курсҳои бозомӯзӣ, тренингҳо, мизи мудаввар, ҳамоишҳо, муаррифиҳои мухталиф, курсҳои забономӯзӣ ва назарсанҷиву таҳлили  нашрияҳову сомонаҳои интернетӣ доир мегарданд.
 Шуъбаи нашрияи Академияи ВАО-и Тоҷикистон асосан дар се самт фаъолият мебарад:
1. Машғулиятҳо ва курсҳои бозомӯзии як ҳафтаина ва давомдор.
2. Мониторинг ва таҳлили нашрияҳои даврии кишвар.
3. Мастер-класҳо.

Ҳамзамон шӯъбаи нашрия мулоқоту конфронсҳо ва мизҳои мудавварро бо ҷалби коршиносони соҳа ба роҳ мондааст.

Шарҳҳо пӯшидаанд.