Шукр сўи шаҳри саодат барад….

Ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ

“Шукрона аз чунин сарзамини орому осуда намоед ва шукрона кунед, ки чунин Ватани ободу зебо доред” – гуфтани Сарвари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиори ҳикматноке мебошад, ки зери ин хитобаи мантиқӣ тамоми масири паймудаи тоҷикон – дирӯзу имрӯз ва ояндаи дурахшони давлатдории навинамон нуҳуфта аст.  Албатта, дар низоми давлатдории миллиамон бо гузашти вақту замон ин нуқтаҳои ҳикматомези Пешвои муаззами миллат аҳаммия  аввалиндараҷаро касб хоҳанд кард. Зеро табиатан шукр бояд ҳам ба дил бошаду ҳам бо забон, чунки баракати саодати рўзгори инсон асосан аз ин ду омили муассир вобастагии мустақим дорад.

            Аввалан бояд аз гузаштаи пурифтихор ва сабақи ибатомўзи таърихи давлатсозии навини миллиамон бо сароҳат шукргузор бошем. Гузашти вақт, нооромии авзои ҷаҳони муосир ва бархурди тамаддунҳо ба суботу ҳастии кишварҳои хурду миёна ва рушду пешрафти онҳо таъсири мондагор дорад. Ин ҷо нуқтаи муҳиму муассир ба маврид аст, ки имрўзҳо Тоҷикистони азизи мо маҳз тавассути Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба муваффақияту комёбиҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир мавқеъ ва ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.

Бо дарки моҳияти аслии ин неъмати бебаҳои миллӣ, мардуми шарафманди кишвар тараннуму ҳифозати ин санаи муборакро дар марҳилаҳои ноустувори пурташаннуҷи ҷомеаи навин бояд аз ҳарвақтаи дигар бештару зиёдтар эҳсос ва дарк намоянд. Бесабаб нест, ки баррасии дастовардҳои сулҳи тоҷикон давоми ду даҳсолаи охир мавриди омўзишу тахқиқи на танҳо коршиносони алоҳида,балки институтҳои бонуфузи ҷаҳону доираи васеъи илмӣ қарор гирифта, ин комёбии арзишманди моро ҳам меомўзанд ва ҳам онро ба сифати як падидаи нодиру боарзиш дар таърихи сулҳофаринии ҷаҳон арзёбӣ мекунанд.

Яъне,  бо ифтихору сарфарзоӣ метавон афзуд, ки созмону баргузории як силсила чорабиниҳои муҳим аз қабили конфронсу семинар, вохўриву мизҳои мудаввар, суҳбату ҳамоишҳои илмӣ ва ба ин васила таҳияву беҳбудии шароити мусоид барои рушди ҳама бахшҳои муҳими хоҷагии халқ заминааҳои мусоиду созгор ба миён омаданд. Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистонро дар як муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаҳои рушди устувору сифатнок ворид намуда, дар самти беҳтар намудани беҳдошти зиндагии мардум як қатор комёбиҳои арзишманд ба каф оварда шуд.

Дар ҳақиқат, Ваҳдат аз як ҷониб, бунёдгари сулҳу салоҳ, пайвандгари роҳу қалбҳо ва арзишмандтарин дурри камёб бошад ҳам, аз сўи дигар роҳу равишест, ки дарвозаи бахту иқболи навро барои дастовардҳои бузурги миллӣ боз намуда, на ба ҳар халқияту миллат мушарраф мегардад. Ба тафсили воқеъии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдир, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».  Дар ин замина, раванди ҳаводиси номатлуби ҷомеаи муосир моро ҳушдор ба он медиҳад, ки дар ҳифзу нигаҳдошти истиқлолу ваҳдати миллӣ беш аз ҳар вақти дигар зираку фаъол бошему аз ҷараёни қувват гирифтани тамоюли ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои таҳмилии идеологӣ дар ғафлат намонем.

Аз ин рў, бо боварии мудом ва шаҳди даврони амну субот, васфу сифоти бештари дастовардҳои муассири замони соҳибистиқлолии кишвар аз аҳаммият холӣ нахоҳад буд. Бо дидани ин ҳама воқеияти рўзгору зиндагӣ ҳар соҳиби дидаи бино ва ҳар нафари дилогоҳ бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳои миллӣ бояд баҳри ободию шукуфоии кишвари азизамон кўшишу талоши бештар намояд. Муҳимтар аз ҳама сарзамину диёри худро бо саодати шукргузории бештар дўст бидорему арҷ гузорем. Воқеан ҳам, дар таърихи навини кишварамон дастёбӣ ба сулҳу ваҳдати комил бо номи абармарди роҳи хираду давлатмарди тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабти ном шудаст. Бо изофаи махсуси ин нукта, набояд фаромўш сохт, ки арзишмандтарин хидматҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи якпорчагиву шукуфоии кишвари азизамон, давоми чанд садсолаҳои дигар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Каримзода Ҳақназар Изатулло

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.