Шоми дӯстӣ ба ифтихори Сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва СААД

Шоми имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай, инчунин меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор доранд, зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон – Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дигар меҳмонон дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайругашти шомгоҳӣ баромаданд.

Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полезиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату маззаи ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд.

Меҳмонони олиқадр бо эҳсоси баланд ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз доштанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.