Шаҳодатномаи курси такмили ихтисос

Бахши гузоришҳои хабарӣ бо забони русӣ дар шабакаҳои телевизион ва радиоҳои кишвар ҳамарӯза бо иттиллои муҳиму саривақтӣ барномаҳоро рангин месозад. Албатта, такмили ихтисоси кормандон дар ҳама ташкилоту муассиса яке аз воситаҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар ин замима, қисме аз кормандони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ шурӯъ аз 21 феврал то 2 марти соли равон дар “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Таҳияи гузоришҳои хабарӣ”-ро доир намуданд. Машғулияти омӯзиширо собиқадори соҳа Наргиза Касимова баргузор кард.

Баъд аз хатми машғулияти омӯзишӣ ба шунавандагон Шаҳодатнома (Сертификат) дода шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.