Хиёнат нобахшиданист!

Ба хотири бақои миллату ҳифзи истиқлолияти давлат, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рӯзафзуни он моро лозим аст, ки баҳри бартараф кардани тамоми омилҳои низою ташаннуҷ дар ҷомеаи худ саъю талош варзем.

         ТЭТ ҳизби наҳзат аз қабили чунин гурӯҳои тундраве мебошанд, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзияшон, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои, ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Натиҷаи чунин омилҳои нохушоянд буд, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар боиси ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромии ватану мусибати садҳо ҳазор ҳамватанони мо гардиданд. Ҳатто шаҳрвандони хориҷиро гаравгон гирифтанду бар ивази маблағ раҳо карданд ва баъзеи онҳоро ба таври ваҳшоният ба қатл расониданд.

         Рафторҳои ваҳшиёнаи ин тоифаи нохалафе, ки ҷилва дар меҳробу минбар мекарданду чун ба хилват рафта корҳои дигар мекарданд, бояд барои ҷавонони имрӯзаи мо дарси ибрат бошад.  Ҳизби наҳзат дар даврони фаъолияташ то моҳи сентияби соли-2015 на ба рушди кишвар, баръакс ҳамчун ҳизби ифротгар, террорист ва хоини ватан худро муаррифӣ намуд.

         Беҳуда намегӯянд, ки барои нест кардани як миллат сараввал бояд олимону донишмандон ва китобу китобхонаҳои онро  нобуд намуд, то ин ки халқи камсаводро зуд аз роҳ баровардан осон хоҳад буд.

         Аз ҳамин лиҳоз буд, ки ин ҳизби ифротгар, то сад нафар зиёиёну донишмандони моро ба қатл расониданд. Маҳз ҳамин наҳзатиҳо буданд, ки номи поки исломро дар миён дароварда, пушти ин парда бо маслиҳати хоҷагони хориҷияшон корҳои нобахшиданиро анҷом медоданд.

         Имрӯз ҷавонони мо бояд талош бар омӯхтани дониш ва ба роҳи дуруст қадам гузоштанро омӯзанд, то ҳеҷ гоҳ қурбони ин гуна шахсоне, ки ҳатто инсон хитоб карданашон нодуруст аст, нагарданд. Барои ҳимоя намудани ватану миллати худ саҳми худро гузоранд.

Зуҳро Ризозода корманди“Академияи ВАО-и Тоҷикистон”

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.