Хатарҳои иттилоотӣ ва роҳҳои пешгирии он

Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат, хатарҳои иттилоотӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Барои осебпазир набудан ва рақобати солим бо хатарҳои иттилоотии зуҳургардида кормандони воситаҳои ахборро зарур аст, ки дониши мукаммал дошта бошанд.
“Хатарҳои иттилоотӣ ва роҳҳои пешгирии он” мавзӯи машғулияти омӯзишие буд, ки имрӯз дар МД “Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон” аз тарафи омӯзгор Ибодуллоев Муҳаммадӣ гузаронида шуд. Машғулияти мазкур, ки то рӯзи 17.07.2020 давом меёбад, барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радио асрори ҳифзи иттилоот, бехатарии иттилоотӣ ва истифода аз абзорҳои муосирро бозгӯ месозад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.