ХАБАРРО ЧӢ ГУНА БОЯД НАВИШТ

Жанри публитсистика аз хабар оғоз мешавад ва ин навигарӣ бояд арзиши иҷтимоӣ дошта ва ҳаддалимкон содда баён шавад. Бо чунин суханҳо машғулияти омӯзишӣ барои журналистони шабакаҳои телевизион ва радио   дар мавзӯӣ “Хабарро чӣ гуна бояд сохт” оғоз гардид.

Машғулияти омӯзиширо мутахассиси варзидаи соҳаи телевизион Абдумаҷид Усмонов мегузаронад. Усулҳои муосири таҳияи жанри хабар дар телевизион ва радио ба таври назариявӣ ва амалӣ дар машғулият баррасӣ мегардад. Машғулият то 10 декабр давом меёбад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.