Формати HD

Аз 27 то 30 июли соли 2020 дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои баланд бардоштани савияи касбии кормандони эҷодию техникии шабакаҳои телевизионӣ, ки бо формати HD, барномаҳо таҳия мекунанд, машғулияти омузишии навбатӣ гузаронида шуд. Дар он 20-нафар корманди шабакаҳои телевизионӣ, муддати 4 рӯз ба таври назариявӣ ва амалӣ дар дастгоҳу таҷҳизоти муосири замонавӣ, аз ҷумла студияи сайёри телевизионӣ корҳои амалӣ анҷом доданд.
Бояд зикр намуд, ки дар машғулият ба иштирокчиён дар бораи тарзи дурусти истифодаи конверторҳо, пахши барномаҳои калонҳаҷми мустақим бидуни истифодаи студияи сайёр тавассути дастгоҳи мавҷпахшкунандаи LiveU, истифодаи дастгоҳои сабткунандаи фосилавӣ ва ноқилҳо аз тарафи омӯзгор Маъруфҷон Оқилов маълумоти муфассали техникӣ дода шуд.
Барои муайян намудани натиҷаи баргузории машғулият дар анҷоми он аз иштирокчиён пурсишнома ва санҷиш гирифта шуда, 20 нафар корманди техникии шабкаҳои телевизионӣ дар асоси пешниҳоди омӯзгор Маъруфҷон Оқилов барои гирифтани шаҳодатнома (сертификат)-и Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” пешниҳод гардиданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.