Фахри миллати тоҷик

Тавре иттилоъ дорем, дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» сарфароз гардонида шуданд.

Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ба Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ сазовор донистани мукофоти аввалини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ воқеан ҳам нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сиёсӣ, инсоне, ки имрӯз на танҳо дар ҳалли мушкилоти кишвари худ, балки дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимму мушкили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талош меварзад, садо баланд мекунад, махсусан, дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд менамояд, арзёбӣ мешавад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.