ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИРИ ИСТИФОДАИ САДО

23 майи соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ барои коргардонҳои овоз ва танзимгарони барномаҳои телевизион ва радио дар мавзӯи «Технологияи муосири истифодаи садо» шуруъ шуд, ки онро мутахассиси соҳибтаҷриба Фирӯз Ҳакимов мегузаронад. Дар машғулият ба шунавандагон оид ба муҳимияти овоз, мусиқӣ, сабт дар таҷҳизоти рақамӣ, истифодаи барномаи Adobe Audition ва дигар паҳлуҳои ороиши мусиқӣ дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ маълумот дода мешавад. Машғулият то 3 июни соли 2022 идома меёбад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.