Таҳияи ток-шоу дар телевизион

Рузи 4-ум аст, ки дар «Академияи ВАО-и Точикистон» машғулият дар мавзӯи “Таҳияи ток-шоу дар телевизион” зери роҳбарии рузноманигори варзида Шаҳло Акобирова баргузор мегардад.
Дар ин машғулият рӯзноманигорон аз бардошти хеш баҳри омода намудани барномаҳои ҷолиб гузориш доданд. Ҳар як маводи омодакардаи иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирифта, оиди бурду бохти он изҳори назар карда шуд.
Шаҳло Акобирова зимни баррасии маводҳои пешниҳодгардида фикру андешаи худро баён намуда гуфт, ки барномаҳое ки шумо месозед бояд табиӣ , ҷолиб ва ҳадафрас бошанд ва ба дили бинанда роҳ ёбанд. Ҳамзамон дар барномаҳои телевизионӣ ба интихоби мавзӯъ , тарзи дурусти расонидани иттилоъ ва таъсирбахшии он диққати ҷиддӣ дода шавад. Он вақт шумо метавонед тамошобини худро пайдо намоед.
Бояд қайд намуд, ки баргузории машғулияту семинарҳои соҳавӣ дар пешбурди фаъолияти журналистика мувофиқи мақсад буда, ҳамзамон барои баланд бардоштани малакаи касбии рӯзноманигорон мусоидат хоҳад кард.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.