ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМА

Аз санаи 1-ум то 10 июни соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи «Этикаи касбии рӯзноманигор» барои муҳаррирони шабакаҳои телевизион, радио ва матбуоти даврӣ баргузор гардид, ки онро мутахассиси соҳибтаҷриба ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов доир кард. Дар машғулият кормандони шабакаҳои телевизион, радио ва матбуоти даврӣ иштирок намуда, 13 нафар соҳиби шаҳодатнома гардид. Дарси бозомӯзӣ дар ду бахш, назариявӣ ва амалӣ сурат гирифта, омӯзгор дар рафти он, оид ба муҳимияти ахлоқи рӯзноманигорӣ ва этикаи истифодаи таҷҳизоти наворбардорию аксбардорӣ дар раванди фаъолияти кори рӯзноманигорӣ машғулиятро ба шунавандагон пешкаш намуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.